Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон моҳи декабр маълум мешаванд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 ширкат мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016, ки аз 23-юм то 31-уми марти соли 2015 баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Ба ҳайати мунтахаби кишвар бозигарони соли таваллудашон 1993 ва аз он хурд дохил мешаванд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи қуръакашии сабқати интихобӣ, ки моҳи декабр барпо мегардад, маълум мешаванд.

Дар марҳилаи интихобӣ 44 даста ширкат мекунад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим мешаванд. Ба минтақаи ғарбӣ 24 даста дохиланд: Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон ва Яман.

Ба минтақаи шарқӣ 20 даста шомил аст: Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам.

Дар ҳамин ҳол барои мизбонии сабқати интихобӣ Бангладеш, Эрон, Покистон, Фаластин ва Қатар (минтақаи ғарбӣ), инчунин, Тайван ва Индонезия (минтақаи шарқӣ) дархост додаанд.

Ба иттилои АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) барои баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 чаҳор кишвар - Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Узбакистон муддаӣ мебошанд. Мизбони сабқати қитъавӣ аз мусобиқаи интихобӣ озод аст.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 мусобиқаи интихобӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2016, ки дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешавад, маҳсуб меёбад.Ҷоизадорони қаҳрамонии Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG