Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чак Ҳагел ба Гурҷистон сафар мекунад.


Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико, пас аз ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар Уэлс дар ҳафтаи оянда ба Гурҷистон сафар мекунад. Вазорати дифои Амрико гуфт, ки сафари шашрӯзаи Чак Ҳагел рӯзи 3-уми сентябр ва бо ширкат дар нишасти сарони НАТО оғоз меёбад, ки дар он “буҳрони Украина, Ховари Миёна ва тақвияти НАТО барои оянда” баррасӣ мешавад. Ҷон Кирби, сухангӯи Пентагон дар шаҳри Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, ки баъдан Чак Ҳагел ба Гурҷистон меравад, ки ин кишвар муштоқи узвият дар паймони НАТО аст ва "мисли Амрико аз амалкардҳои Русия дар Украина нигарон аст." Баъд аз сафар ба Гурҷистон вазири дифои Амрико ба Туркия меравад.

XS
SM
MD
LG