Пайвандҳои дастрасӣ

Куриёи Шимолӣ мушаки нав озмоиш кард


Дар идомаи озмоишҳои мушакӣ, Куриёи Шимолӣ як мушаки дигари кӯтоҳбурдро озмоиш кардааст. Артиши Куриёи Шимолӣ рӯзи 1-уми сентябр гуфт, ки ин мушакро аз пойгоҳе дар шарқи шаҳри Пхенян ба Баҳри Ҷопон партоб кардаанд ва он баъди паймудани 220 километр масофа суқут кардааст. Куриёи Шимолӣ ҳамин тобистон мушакҳои зиёдеро озмоиш кард ва аз ҷумла ҳангоми сафари Попи Рум ба Куриёи Ҷанубӣ дар моҳи август, 5 мушаки кутоҳбурдро партоб кард.

XS
SM
MD
LG