Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Отамбоев гуфт, мушкили газ ҳал мешавад


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, барномаи таъмини муносиби кишвар бо гази табииро муаррифӣ кард. Ӯ рӯзи 31-уми август дар рӯзи истиқлоли Қирғизистон гуфт, ки ширкати "Газпром" аз аввали моҳи октябр гази табииро бо қимати поинтар ба кишвараш мефурӯшад. Ба гуфтаи Алмосбек Отамбоев, сар аз якуми октябр Қирғизистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро аз "Газпром" бо қиммати 165 доллар мехарад, ҳарчанд пештар гази Узбакистон ва Қазоқистонро бо қиммати 224 долларӣ мехарид. Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия аввали имсол ширкати “Қирғизгаз”-ро бо қиммати рамзии 1 доллар харид ва қавл дод, ки барои зербунёдҳои истихроҷу интиқоли газ миллионҳо доллар сарф мекунад. Ба гуфтаи Алмосбек Отамбоев, “Газпром” бунёди як лӯлаи газеро шурӯъ мекунад, ки шимолу ҷануби Қирғизистонро васл мекунад. Айни замон мақомоти расмии Қирғизистон аз мардум хостаанд, ки барои зимистон ангишт захира кунанд, зеро тарҳҳои Газпром то соли 2016 такмил намешаванд.

XS
SM
MD
LG