Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёфт шудани Ҳасану Ҳусейн


Ҳасану Ҳусейни 16-сола, ки дар рӯзи равшан гум шудани онҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни сокинон сару садоҳои зиёдеро ба думбол оварда буд, баъди 3 рӯзи ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони пулис дар шаҳри Хуҷанд ёфт ва боздошт шудаанд.

Акбар Шарифов, сухангӯи раёсати корҳои дохилии Суғд субҳи рӯзи 1–уми сентябр гуфт, кормандони пулис Ҳасан ва Ҳусейн Шодиевҳо, хонандагони синфи 9-уми мактаби рақами 15 -уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро, ки дар арафаи соли нави таҳсил аз манзилашон берун рафта ғайб зада буданд, рӯзи 23 – ми август дар шаҳри Хуҷанд ёфтаанд. Вай афзуд, ки онҳо 2 велосипеди сокинонро дуздида, давоми 3 рӯз дар Хуҷанд зиндагии хиёбонӣ ба сар мебурданд ва кормандони минтизомӣ онҳоро дар маркази Хуҷанд боздошт карданд. “Ин бори аввал нест, ки онҳо даст ба дуздӣ мезананд ва моҳи майи соли равон низ кормандони интизомӣ онҳоро бо иттиҳоми майдадуздӣ дастгир карда буданд,” - афзуд вай.

Телевизиону радиоҳои маҳаллӣ аз нопадид шудани Ҳасану Ҳусейн эълон медоданд ва аз сокинон хоҳиш мекарданд касе ҷойи будубоши онҳоро медонад, ба милиса хабар диҳад. Мақомоти интизомӣ нисбат ба бародарони дугоник парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “дуздӣ” боз кардаанд ва тафтиши онро пеш мебаранд.

XS
SM
MD
LG