Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов


Эмомалӣ раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме Ислом Каримов, ҳамтои узбакашро ба муносибати истиқлоли Узбакистон табрик гуфтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбеи 1 сентябр паёми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ислом Каримовро нашр кард, ки дар омадааст:

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,

Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то Шумо ва тамоми мардуми ӯзбекро бо ин санаи муҳим табрик намоям. Барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд. Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд, мебошем.

Бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, мо ният дорем тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созем. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад."

Узбакистон 1 сентябри соли 1991 ба истиқлоли худ даст ёфт ва Ислом Каримов муддати ин солҳо раҳбарии ин кишварро бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG