Пайвандҳои дастрасӣ

Маросими гусели варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои осиёӣ


Имрӯз, 1-уми сентябр, соати 15:00 дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишии Тоҷикистон ба Бозиҳои XVII осиёӣ ба Инчон (Ҷумҳурии Корея) баргузор мешавад.

Ҳайати варзишии кишвар бо шумули беш аз 100 нафар оид ба 18 намуди варзиш дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзад.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 1-уми сентябр дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими гусели ҳайати варзишии кишвар ба Бозиҳои XVII осиёӣ ба Инчон (Ҷумҳурии Корея) баргузор мешавад. Вай афзуд, “дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 18 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ-до, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.”

Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат хоҳад кард. Дар Бозиҳои пешин 12 намояндаи Тоҷикистон 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Ба назари коршиносони соҳа дар Бозиҳои XVII осиёӣ аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ ва ғайра натиҷаҳои баландро чашмдор шудан мумкин аст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал ( 1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродалӣ Тӯйчиев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG