Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти полковники умури дохила Розиқбек Назрибеков


Розиқбек Назрибеков, полковники умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 30 август аз олам даргузашт. Ба гуфтаи табибон, сабаби марги ӯ аз сактаи қалбӣ будааст. Ҷасади ӯ дар зодгоҳаш ноҳияи Ванҷ ба хок супурда шуд. Розиқбек Назрибеков 10 ноябри соли 1954 дар деҳаи Гишхуни ноҳияи Ванҷ ВМКБ чашм ба дунё кушода маълумоти миёнаро дар маркази ноҳия гирифтааст. Соли 1971 дар колхози “50-солагии ИҶШС” фаъолияти кориаш оғоз ёфт. Солҳои 1973-1975 дар сафи қӯшунҳои ИҶШС хизмат карда, сипас фаъолияти меҳнатиро чун коргар дар Иттиҳодияи маҳсулоти пластмассии ш.Душанбе идома дод. Солҳои 1975-1981 шунавандаи мактаби олии ВКД ИҶШС дар ш.Тошкент буд. Баъди хатми он фаъолияти касбияш чунин идома ёфтааст: солҳои 1981-1985 ваколатдори таъҷилии шӯъбаи корхои ҷиноии ноҳияи Фрунзеи ш.Душанбе, 1987-1988 сардори Шӯъбаи 2-уми ШКД-и ноҳияи Фрунзеи ш.Душанбе, 1988-1991 ҷонишини сардори ШКД-и ноҳияи Файзобод; 1991-1995 сардори ШКД-и ноҳияи Файзобод, 1995-1997 сардори Управленияи корҳои дохилии ВМКБ ҶТ, 1998-2000 сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилаи ҶТ, 2000-2002 сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз соли 2002 то соли 2009 ҷонишни сардори Управленияи мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккили (УБОП) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чанд соли ахир ба ҳайси сардори шӯъбаи муҳофизон дар НБО-и Роғун фаъолият дошт. Рутбаи низомиаш полковники ВКД. Дар ҳама вазифаҳои дар боло номбаршуда, маҳорати баланди роҳбарӣ мардонагӣ ва шуҷоату далерии нишон додааст. Солҳои хизмати ӯ дар ин ҷабҳа ба давраи мушкилтарини солҳои ҷанги ҳамватанӣ рост меояд.

XS
SM
MD
LG