Пайвандҳои дастрасӣ

"Субҳи Либия" ба сафорати ИМА дар Троблус ҳамла кард


Дар Троблус, пойтахти Либия, мусаллаҳони як гурӯҳи маҳаллӣ ба бинои сафорати Амрико ҳамла карданд. Дар ин бора хабаргузориҳои ғарбӣ иттилоъ доданд. Шабакаи телевизионии Дубай - Al-Arabiya наворҳоеро намоиш дод, ки дар онҳо аъзои гурӯҳи исломии "Субҳи Либия" дар дохили бинои сафорати ИМА ҳузур доранд.

Охири моҳи июни соли равон Амрико, бино ба ноором шудани авзоъ дар Либия, сафораташ дар Троблусро баст ва кормандонашро ба Тунис интиқол дод.

Ҳафтаи гузашта гурӯҳи исломӣ, баъд аз беш аз як моҳи даргириҳо бо гурӯҳи мусаллаҳе аз шаҳри Зинтон, фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Троблусро таҳти назорати худ қарор дод. Мусаллаҳони шаҳри Зинтон баъд аз суқути раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 ин фурудгоҳро дар ихтиёр гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG