Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурудгоҳи Донетск дар ихтиёри нерӯҳои украинӣ боқӣ мемонад


Иттилоъ дар бораи аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор ишғол шудани фурудгоҳи шаҳри Донетск воқеъият надорад. Дар ин бора хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 31 август аз ҷойи ҳодиса хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳ чун пештара таҳти назорати нерӯҳои украинист ва он ҷо нишонае аз задухӯрд нест. Аз ин пеш як вакили мардумии маҳаллӣ хабар дода буд, ки ҷудоихоҳон фурудгоҳро таҳти назорат қарор доданд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, дар шаҳри Донетск бошад пайваста садои тирандозӣ ва таркиши гулулаҳо ба гӯш мерасад.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки мақомоти Украина бояд музокирот оид ба масоили сиёсӣ ва давлатдорӣ дар шарқи кишварро шурӯъ кунанд. Ӯ дар мусоҳиба бо барномаи «Воскресное время» дар шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 31 август гуфт, ки бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар мавриди зарурати хатми бӯҳрон дар Украина аз роҳи осоишта мувофиқат кардаанд. Раҳбари Русия афзуд, ки шахсан ӯ хатми зуди бӯҳрони Украинро интизор нест.

Ба гуфтаи Владимир Путин, низоъ дар Украина баъд аз ишғоли мусаллаҳонаи қудрат дар зимистон соли 2014 сар зад.

Дар ҳамин ҳол Иттиҳодияи Аврупо эълом дошт, ки тайи як ҳафтаи оянда бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия бино ба дахолаташ ба умури Украинаро таҳия мекунад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи якшанбе, 31 август, баъд аз хатми нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел гуфт, таҳримҳо дар ҳоле ҷорӣ карда мешаванд, ки вазъ дар шарқи Украина бетағйир бимонад ваё бадтар шавад.

Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо ду бор алайҳи Русия бино ба дахолаташ ба умури Украина таҳримҳо ҷорӣ намуданд. Русия аз шарикони асосии тиҷоратии Аврупо ва бузургтарин содиркунандаи нафту газ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG