Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хурӯҷи Қазоқистон аз иттиҳодияи АвруОсиёро баъид намехонад


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, изҳор намуд, шояд кишвараш аз ҳайати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки ба он Русияву Белорус шомиланд, берун шавад. Ӯ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Хабар” дар Остона гуфт, “агар бархе аз қоидаҳои дар созиш муқарраршуда иҷро нашаванд, Қазоқистон ҳаққ дорад, ки аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даст кашад. Остона ҳеҷ гоҳ дар созмоне нахоҳад монд, ки он ба истиқлоли Қазоқистон таҳдид мекунад”.

Нурсултон Назарбоев аз соли эълони истиқлоли Қазоқистон сарварии ин кишварро бар ӯҳда дорад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 29 август дар форуми ҷавонон дар Селигер гуфта буд, Қазоқистон дар қаламраве ташкил шудааст, ки он ҷо ҳеҷ гоҳ давлат мавҷуд набуд. Ба иттилои радиои “Эхо Москвы", баъд аз ин изҳороти Путин сокинони Қазоқистон аз такрори ҳаводиси Украина нигарон шуда, дар посух амалиёти “Ба Путин китоби таърихро бифирист!”-ро роҳандозӣ карданд.

XS
SM
MD
LG