Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи луғати забони лотинӣ ...101 сол идома кард


Дар Бритониё таҳияи луғате анҷом ёфт, ки 101 сол пеш шурӯъ шуда буд. Луғати “Забони лотинии қарнҳои миёна аз манбаъҳои бритониёвӣ”, ки аз 17 ҷилд иборат аст, соли 1913 бо ибтикори таърихшиноси донишгоҳи Оксфорд Роберт Уитвел шурӯъ шуд. Ӯ дар як эълон дар рӯзномаи Times дар пайи ҷустуҷӯи онҳое шуд, ки хоҳиши ширкат дар ин тарҳро доранд.

Ба навиштаи Би-Би-Си, Уитвелл мехост луғати забони лотинии қарнҳои миёна, луғати ҳамвазн бо Фарҳанги забони англисии донишгоҳи Оксфордро таҳия кунад.

Муҳаррири луғати Забони лотинии асрҳои миёна аз манбаъҳои бритониёвӣ” Ричард Эшдаун рӯзи якшанбе, 31 август, гуфт, тайи 101 сол бисёриҳо ба таҳияву нашр шудани ин луғат шубҳа мекарданд.

Дар қарнҳои миёна забони лотинӣ дар Бритониё забони додгоҳ, дин ва илм маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG