Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони руси дар Украина боздоштшуда ба ватан баргаштанд


Ҳамаи нӯҳ сарбози десанти дивизияи 98-уми Русия шаби якшанбе аз Украина ба ватан баргаштанд. Дар ин бора муовини фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ-десантии Русия Алексей Рагозин рӯзи 31 август ба хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод.

Дар бораи боздошти даҳ сарбози нерӯҳои десантии Русия дар қаламрави Украина аввалҳои ҳафта Хадамоти амниятии Украина хабар дода буд. Яке аз боздоштшудаҳо Артём Кузмин, ки баданаш сӯхта буд, аз сӯи низомиёни украинӣ раҳо карда шуд ва ӯро барои табобат ба Петербург интиқол доданд.

Нӯҳ нафар боқимонда дар Киев дар робита ба чӣ гуна убур кардани марз ва ширкати эҳтимолияшон дар ҷангҳо дар Донбасс мавриди бозҷӯии хадамоти амниятии Украина қарор гирифтанд. Ҷониби Украина эълом дошт, ки сарбозони десанти русро ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кардаанд.

Сарбозони бозоштшуда рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Дожд» гуфтанд, ки онҳоро эҳтимолан бо сарбозони украинии дар шарқи Украина асируфтода иваз кардаанд. Аммо хабари табдили онҳо бо сарбозони украинӣ ҳанӯз расман таъид нашудааст.

XS
SM
MD
LG