Пайвандҳои дастрасӣ

Австралия барои нерӯҳои курди Ироқ силоҳ мефиристад


Тони Эбботт

Тони Эбботт

Австралия барои мубориза бо мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба нерӯҳои пешмаргаи курд силоҳ мефиристад. Нахуствазири Австралия Тони Эбботт рӯзи якшанбе, 31 август, изҳор намуд, ки ҳукумати ИМА хостааст то Австралия дар чаҳорчӯби талошҳои эътилофи байнулмилалӣ ба Ироқ техникаи низомӣ ва силоҳу тир ироа кунад. Ӯ афзуд, ки кишвараш ба эътилофи ИМА, Канада, Италия, Фаронса ва Бритониё “барои ҳалли ин вазифаи муҳим” ҳамроҳ мешавад. Қарор аст, ки Австралия ба нерӯҳои пешмаргаи курд гранатомети зиддитонкӣ, миномёт ва дигар навъҳои силоҳи муовир фиристад. Ин силоҳ тавассути ҳавопаймо интиқол меёбад ва онро низомиёни Австралия ба дасти фармондеҳони курд месупоранд.

Аз ин пеш ҳавопаймоҳои ҷангии Австралия барои мардуми аз дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар кӯҳистони Санҷори шимоли Ироқ панаҳбурда, маводи озуқа ва оби пок партоб карда буданд.

Ҳукумати Австралия мегӯяд, ки тақрибан 60 шаҳрванди кишвар дар Сурия ва Ироқ аз сӯи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳи наздик ба “Ал-Қоида” – Ҷабҳаи Нусра меҷанганд.

XS
SM
MD
LG