Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бенизомиҳо дар Исломобод ду нафар ҷон бохтанд


Бар асари задухӯрди кормандони полис ва эътирозгарон дар Исломобод, пойтахти Покистон, ду нафар кушта ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора мақомоти кишвар рӯзи якшанбе, 31 август, хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми ҳамлаи эътирозгарон ба манзили нахуствазир Навоз Шариф рӯзи шанбе полис аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурд. Ба иттилои Радиои Машъал, дар задухӯрд чанд корманди полис ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Хушунат дар Исломобод рӯзи якшанбе идома кард. Ҳазорон эътирозгарон, ки шабро зери осмон рӯз карданд, дар канори бинои парлумон ба пойфишорияшон барои истеъфои Навоз Шариф идома доданд.

Намоишҳои зиддиҳукуматӣ рӯзи 14 июл аз раҳпаймоӣ дар шаҳри Лоҳур шурӯъ шуданд. Баъдан ҳазорон эътирозгарон таҳти сарварии рӯҳонии маъруф Тоҳир ул-Қадрӣ ва сиёсатмадори мухолиф Имрон Хон ба Исломобод омаданд.

Рӯзи 30 август Навоз Шариф бори дигар талаби эътирозгарон барои истеъфоро рад кард. Имрон Хон ва Тоҳир ул-Қадрӣ нахуствазирро дар фасод, тақаллуби натоиҷи интихоботи парлумонии соли 2013 ва тиҷорати ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG