Пайвандҳои дастрасӣ

Брюссел бастаи нави таҳримҳо алайҳи Маскавро таҳия мекунад


Доналд Туск ва Федерики Могеринӣ

Доналд Туск ва Федерики Могеринӣ

Иттиҳодияи Аврупо тайи як ҳафта бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия бино ба аъмолаш дар Украинаро таҳия мекунад. Дар ин бора раиси феълии Шӯрои Аврупо Ҳерман ван Ромпей рӯзи якшанбе, 31 август, баъд аз хатми нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел хабар дод.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел изҳор намуд, таҳримҳо дар ҳоле ҷорӣ карда мешаванд, ки вазъ дар шарқи Украина бетағйир бимонад ваё бадтар шавад.

Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо ду бор алайҳи Русия бино ба дахолаташ ба умури Украина таҳримҳо ҷорӣ намуданд. Русия аз шарикони асосии тиҷоратии Аврупо ва бузургтарин содиркунандаи нафту газ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, дар нишасти хабарӣ дар Брюссел бори дигар таъид кард, ки тақрибан ҳазор низомии рус вориди шарқи Украина шудаанд. Ҳамзамон ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки нишасти "гурӯҳи тамос" (Украина, Русия, САҲА) дар шаҳри Минск бо созиш дар бораи оташбас анҷом меёбад. Қарор аст, ки ин нишаст рӯзи душанбе, 1 сентябр, баргузор шавад.

Дар нишасти Брюссел, ки шоми шанбе баргузор шуд, нахуствазири Лаҳистон Доналд Туск раиси нави Шӯрои Аврупо интихоб шуд. Дар ин мақом ӯ Ҳерман ван Ромпейро иваз хоҳад кард. Федерики Могеринӣ, вазири умури хориҷии Италия, ҷойгузини Кэтрин Эштон дар мақоми раҳбари идораи сиёсати берунаи Иттиҳодияи Арупо хоҳад шуд. Ваколатҳои Ҳерман ван Ромпей ва Кэтрин Эштон ҳамин тирамоҳ ба поён мерасанд.

Доналд Туск, ки аз соли 2007 раиси кобинаи вазирони Лаҳистон аст, дар робита ба бӯҳрони Украина аз ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия ҷонибдорӣ мекунад. Хонум Федерики Могерини 41 сол дорад ва аз моҳи феврали соли равон дар мақоми вазири умури хориҷии Италия фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG