Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Рангоранг" ҷаҳонгардонро ба тамошои Душанбеву атрофи он хонд


Сайёҳони хориҷӣ бештар ба тамошои Зарафшону Бадахшон ва кӯҳистони Тоҷикистон майл доранд, ҳарчанд дар Душанбе ва атрофи он ҳам ҷойҳои зебову диданӣ зиёданд.

Дар фестивали «Рангоранг», ки рӯзи 30 август дар боғи «Ирам»-и Душанбе баргузор шуд, сайёҳони зиёде барои тамошо омада буданд. Ҳабиб Раҳмонов, раҳбари барномаи «Хизмати шаҳрванди байналмилалӣ» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷашнвора ба хотири ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба пойтахти Тоҷикистон аст ва он аз сӯи «Хадамоти волонтерӣ дар хориҷа» ташкил шудааст.

Ӯ афзуд, чун бештари сайёҳон ба минтақаи Зарафшон ва Бадахшони Тоҷикистон майли дидан мекунанд, онҳо хостанд бо баргузории ин ҷашнвора маконҳои дидании Душанберо низ муаррифӣ кунанд: «Аз рӯй омор, шумораи бештари туриcтон дар Душанбе намеистанд. Омадан

замон ба дигар минтақаҳо мераванд. Бинобар ин, хостем бо баргузории чунин фестивали фарҳангӣ-туристӣ, сайёҳонро ҷалб намоем. Ба ин роҳ Душанберо низ бештар муаррифӣ кунем, то барои мардуми маҳаллӣ як даромади иқтисодӣ низ шавад.»

Дар ҷашнвора анвои мухталифи туристӣ, аз қабили китобҳои гуногун дар бораи минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон, хаймаҳо барои шабгузаронӣ дар кӯҳҳо, пойафзолҳои махсус ва ҷузъдонҳо барои кӯҳгардӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Ҳамчунин косибону рассомон ва дигар ҳунармандони манотиқи мухталифи Тоҷикистон офаридаҳои худро намоиш доданд. Ошпазҳои тоҷик бошанд сайёҳонро бо таомҳои гуногуни тоҷикӣ ошно карданд.

Сорбон Ҷобиров, хонандаи синфи 10-и яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе дар ин ҷашнвора расмҳои худро пешкаши сайёҳон намуд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар чандин озмун баранда шуда бошад ҳам, аммо мехоҳад мардуми дигар кишварҳо низ бо ҳунари ӯ ошно шаванд. Зимни дидорбинии мо аз ҷашнвора, Сорбон ба кашидани акси ҷавон бо духтари тоҷик ва манзараҳои Тоҷикистон машғул буд. Дигар тамошобинон, ба хусус сайёҳон низ расмҳои кашидаи Сорбонро бо шавқ тамошо мекарданд. Сорбон мегӯяд: «Мехоҳам ба хориҷиён ҳунари худро нишон дода, оянда як намоиши расмҳоямро баргузор кунам. Дар чанд фестивали дигар ҳам иштирок карда будам.»

Сорбон меафзояд, ки ба Қазоқистону Қирғизистон ва Русия сафар карда, санъати расомии он кишварҳоро низ омӯхтааст. Муродалӣ Ашӯралиев, устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки дар риштаи туризм дарс мегӯяд, барои сайёҳон хайма, ки бо он имкони дар кӯча хоб кардан ҳаст, ҷузъдон, харитаи Тоҷикистон ва ҳунарҳои косибии устодони донишгоҳро пешниҳод карда буд: «Ҳамчунин мо сувенирҳои тоҷикӣ, аз қабили ҳайкалчаҳои духтару писари тоҷик, ҳуштак, кӯзаҳои кулолин омода кардаем, ки сайёҳон хеле таваҷҷӯҳ доранд ба онҳо. Барои тӯҳфа зиёд харидорӣ мекунанд.»

Салим Сиддиқ, шаҳрванди Афғонистон, ки ду сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, низ наққошиҳои худро намоиш медод. Салим дар расмҳо бештар манзараҳои Афғонистонро тасвир карда аст. Ӯ мегӯяд: «Дар ин расмҳо, ки зиндагии мардуми афғон тасвир ёфтааст, бештар мардуми кишварҳои Ғарб таваҷҷӯҳ доранд. Тоҷикон ҳам ҳастанд, аммо камтар мебошанд.»

Ҷаҳонгардони хориҷӣ бештар ба тамошои Зарафшону Бадахшон ва кӯҳистони Тоҷикистон майл доранд, ҳарчанд дар Душанбеву атрофи он ҳам ҷойҳои зебову диданӣ бешуморанд. Ду рӯзи пеш дар мавзеи Ромит, ки дар наздикиҳои пойтахт воқеъ шудааст, меҳмонхонаи замонавӣ бунёд ёфт. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи он меҳмонхонаро омили ҷалби бештари сайёҳон унвон кард.

Бино бар омори расмӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 74 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд ва кишвар аз ҳисоби сайёҳӣ дар ин муддат 37 миллион доллар пул "кор" кардааст. Мутахассисон мегӯянд, ки ҷалби шумораи бештари ҷаҳонгардон ба пур шудани буҷаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG