Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сарбозони посдори сулҳи филиппинӣ дар теппаҳои Ҷавлон


Мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Сурия ба сарбозони филиппинӣ аз нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар теппаҳои Ҷавлон ҳамла карданд.

Дар ин бора рӯзи шанбе, 30 август, вазири дифои Филиппин Валтер Газмин хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, афроди мусаллаҳ беш аз 70 низомиро дар ду постгоҳи теппаҳои Ҷавлон иҳота кардаанд.

Валтер Газмин хабар дод, ки як гурӯҳи сарбозон аз мавқеъҳои худ берун карда шуд, гурӯҳи дуввумӣ бо афроди мусаллаҳ вориди даргирӣ шудааст. Ӯ дар бораи талафот миёни низомиёни филиппинӣ чизе нагуфт.

Ду рӯз пеш дар теппаҳои Ҷавлон, ки аз сӯи Исроил ғасб шудаанд, 44 тан аз сарбозон аз кишвари Фиҷӣ аз нерӯҳои посдори сулҳи СММ аз сӯи гурӯҳи мухолифи режими Башор Асад, гаравгон гирифта шуданд. Он вақт аз сарбозони филиппинӣ тақозо шуд, ки силоҳи худро таслим кунанд, аммо онҳо посухи рад доданд. Мухолифини Димишқ рӯзи чаҳоршанбе постгоҳ миёни Сурия ва қаламрави аз сӯи Исроил забтшудаи Ҷавлонро таҳти назорат гирифтанд.

Нерӯҳои посдори сулҳи СММ аз соли 1974 дар теппаҳои Ҷавлон мустақаранд.

XS
SM
MD
LG