Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: Барои мубориза бо "Давлати исломӣ" бояд эътилоф таъсис кард


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, хостори таъсиси эътилофи сартосарӣ ба хотири мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” шуд. Ин гурӯҳ моҳҳои ахир қаламрави бузурги Сурия ва Ироқро ишғол кардааст.

Ҷон Керрӣ дар як матлаб, ки шоми 29 август дар рӯзномаи "Нью-Йорк Таймс" нашр шуд, гуфтааст, ки эътилофи густурдаи кишварҳо метавонад ба наслкӯшӣ аз сӯи аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” хотима гузорад.

Матлаби раҳбари идораи сиёсати берунаи ИМА дар робита ба нишасти сарони кишварҳои НАТО нашр шуд, ки қарор аст рӯзҳои 4 ва 5 сентябр дар Уэлс баргузор шавад. Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки вазири дифои Амрико Чак Ҳейгел дар долонҳои нишасти НАТО мавзӯъи таҳияи феҳристи эътилофи зидди “Давлати исломи”-ро матраҳ мекунад.

Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, гуфт, ки Вошингтон дар ҳоли таҳияи нақшаи мубориза бо ин гурӯҳ аст.

Қарор аст, Ҷон Керрӣ ва Чак Ҳейгел баъд аз нишасти НАТО ба Ховари Миёна рафта, кӯмак ба кишварҳоеро ташкил кунанд, ки ба таҳдиди бевосита аз сӯи “Давлати исломӣ” мувоҷеҳанд.

XS
SM
MD
LG