Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ таҳримҳои нави Амрикоро "фишору таҷовуз" номид


Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, таҳримҳои нави Амрико алайҳи Теҳронро маҳкум кард. Ба иттилои хабаргузории Форс, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи шанбе, 30 август, дар як суханронӣ дар пойтахт, ин таҳримҳоро “фишору таҷовуз” номид ва гуфт, ки Теҳрон бояд ба ин таҷовуз муқовимат кунад ва ба эъмоли таҳримҳои нав иҷоза надиҳад.

ИМА рӯзи 29 август алайҳи 25 муассиса ва мансабдори эронӣ бо далелҳои густариши барномаи ҳастӣ, сарпечӣ аз таҳримҳо ва пуштибонии терроризм дар минтақа таҳримҳо ҷорӣ кард. Ба феҳристи таҳримҳо шаш бонк, як ширкати ҳавопаймоӣ ва як пажуҳишгоҳи илмӣ ҳам шомиланд.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар он айбдор мекунанд, ки ҳадафи барномаи ҳастаияш – даст ёфтан ба силоҳи атомӣ мебошад. Теҳрон ин иттиҳомро пайваста рад мекунад.

XS
SM
MD
LG