Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Брюссел таҳримҳои нав алайҳи Русия баррасӣ мешаванд


"Ҷанги таҳримҳо" миёни Русияву Ғарб идома дорад
"Ҷанги таҳримҳо" миёни Русияву Ғарб идома дорад

Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 30 август дар Брюссел пешниҳоди вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия дар робита ба аъмолаш дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард. Қарор аст, ки дар ин нишаст раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко ҳам ширкат кунад.

Як рӯз пеш вазирони хориҷии чанд кишвари узви Иттиҳодия, дар нишасти ғайрирасмӣ дар шаҳри Милан, Русияро дар дахолати рӯйирост ба умури Украина айбдор намуданд ва хостори ташдиди таҳримҳо алайҳи Маскав шуданд. Вазири умури хориҷии Люксембург Жан Асселборн изҳор намуд, ки ба хотири муҷозоти Русия барои “роҳи нодурусти пешгирифтааш” аз чораҳои ғайринизомӣ кор гирифта мешавад. Карл Билдт, вазири умури хориҷии Шветсия гуфт, бори дуввум аст, ки дар соли равон Русия ба хоки Украина таҷовуз мекунад.

Аз ин пеш Лоран Фабиус, раҳбари идораи сиёсати берунаи Фаронса, хабар дода буд, ки Порис далелҳои таҷовузи “ғайри қобили таҳаммул”-и артиши Русия ба қаламрави Украинаро дар ихтиёр доранд. Дар мусоҳиба бо хабарнигори шабакаи телевизионии “Франс 24” ӯ гуфт, ки агар Маскав мавқеъи худро дар баробари Украина оҷилан тағйир надиҳад, Иттиҳодияи Аврупо шояд аз таҳримҳои қатъитар кор бигирад.

НАТО эълом дошт, ки рӯзи панҷшанбе тақрибан ҳазор низомии рус аз марзи Украина убур кардаанд. Киев эълом дошт, ки ҷудоихоҳони шаҳри Новоазовскро бо мусоидати низомиёни рус таҳти назорат қарор доданд.

XS
SM
MD
LG