Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи маргталабона дар Ҷалолобод шаш нафарро кушт


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар канори бинои идораи хадамоти амниятӣ дар шарқи Афғонистон шаш нафар кушта ва дасти кам 40 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин ҳодиса панҷ нафар аз ҳамлагарон ҳам ба ҳалокат расидаанд. Намояндаи волии вилояти Нангарҳор ба хабаргузориҳо гуфт, ки субҳи рӯзи шанбе, 30 август ду мошин, аз ҷумла, як мошин бо маргталаб, ки ҳомили маводи тарканда буданд, дар назди дарвозаи бинои Раёсати амнияти миллӣ дар шаҳри Ҷалолобод мунфаҷир кард. Ба думболи ин миёни ҳамлагарон ва нерӯҳои амниятӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт.

Хушунат дар Афғонистон дар ҳоле идома дорад, ки дар Кобул ду номзад ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон – Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай натавонистанд то ба баҳси чандинмоҳа оид ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ ба созиш бирасанд. Бунбаст дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ имзои созишномаи амниятӣ миёни Вошингтону Кобулро ба таъхир гузоштааст. Бар пояи ин созишнома баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар поёни соли равон як теъдод аз низомиёни амрикоӣ метавонанд дар Афғонистон боқӣ бимонанд.

XS
SM
MD
LG