Пайвандҳои дастрасӣ

Нокомии 7 паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон


Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо дар шаҳри Челябински Русия ҳафт паҳлавони тоҷик бе медал монд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон, ки бо ширкати беш аз 700 варзишгар аз 110 кишвар дар шаҳри Челябински Русия то рӯзи 31-уми август идома хоҳад кард, дар сабқати инфиродӣ мардону занон барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) мубориза мебаранд. Инчунин рӯзи охирин сабқати дастаӣ барои ду маҷмӯи медалҳо баргузор мешавад.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд. Рӯзҳои 25- 29-уми август паҳлавонони тоҷик Каъбатулло Аминов (-60 кг), Расул Абдушарифов, Самандар Қаландаров (ҳарду – 66 кг), Саидмухтор Расулов (-73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг), Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён (ҳарду дар вазни -90 кг)дар рақобатҳои инфиродӣ ширкат карда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Аминов дар нахустин қувваозмоии худ бар Филипп Китадал (Бразилия) ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Минг Йен Тсаи (Тайван) мағлуб гашт. Абдушарифов, Қаландаров ва Расулов бошанд, дар аввалин рақобатҳо мутаносибан аз Давид Газарян (Арманистон), Себастян Сеидл (Олмон) ва Энрико Парлати (Италия) шикаст хӯрданд.

Инчунин Фарҳод Раҳимов дар даври аввал аз Валерий Думиника (Молдова) мағлуб гардид. Саидҷалол Саидов дар даври аввал бар Наиф Мазиу аз Арабистони Саудӣ дастболо шуд, вале баъдан аз Ноэл Ван Т Энд аз Ҳолланд ноком гашт. Комроншоҳи Устопириён баъди ду пирӯзӣ бар Доменик Вензингер (Швейтсария) ва Азамат Бектурсунов (Қирғизистон), дар даври севум қувваозмоиро ба Кирилл Денисов (Русия) бохт.

Боз ду гуштигири дигари тоҷик рӯзи 30-юми август вориди рақобат мешаванд: -100 кг: Дадахон Қурбоналиев – Дмитрий Березний (Украина), +100 кг: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов – Андрей Брейбарт (Олмон).

Баъди натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Челябинск дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби чор медали тилло, 1 нуқра ва ду биринҷӣ пешсаф аст. Фаронса (1-1-3) дар ҷойи дувум ва Гурҷистон (1-0-2) дар ҷойи севуманд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон

Мардон

-60 кг
1. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
2. МУДРАНОВ Беслан (Русия)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
-66 кг
1. ЭБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. ПУЛЯЕВ Михаил (Русия)
3. ХАН-МАГОМЕДОВ Камол (Русия)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

-73 кг
1. НАКАЯ Рики (Ҷопон)
2. ХОНГ Кук Хён (Кореяи Шимолӣ)
3. МОГУШКОВ Муса (Русия)
3. СКВОРСОВ Виктор (Иморати Муттаҳидаи Араб)

-81 кг
1. СРИКИШВИЛИ Автандили (Гурҷистон)
2. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)
3. НИФОНТОВ Иван (Русия)
3. ПИЕТРИ Люк (Фаронса)

-90 кг
1. ИЛИАДИС Илиас (Юнон)
2. ТОТ Кристиан (Маҷористон)
3. ЛИПАРТАЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
3. ВОПРОСОВ Кирилл (Русия)

Занон

-48 кг
1. КОНДО Ами (Ҷопон)
2. ПАРЕТО Паула (Аргентина)
3. БУШАР Амандин (Фаронса)
3. ЛАБОРДЕ Мариа Селиа (Куба)
-52 кг
1. КЕЛМЕНДИ Майлинда (МФД)
2. ЧИТУ Андреа (Руминия)
3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. МИРАНДА Эрика (Бразилия)

-57 кг
1. УДАКА Нае (Ҷопон)
2. МОНТЕЙРО Телма (Португол)
3. ПАВИА Аутомне (Фаронса)
3. ВЕРХАГЕН Санни (Ҳолланд)

-63 кг
1. АГБЕГНЕНУ Кларисса (Фаронса)
2. ГЕРБИ Ярден (Исроил)
3. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)

-70 кг
1. АЛВЕАР Юри (Колумбия)
2. НУН ИРА Карен (Ҷопон)
3. КОРТЕС АЛДАМА Оникс (Куба)
3. КЛИШ Катаржина (Полша)

-78 кг
1. АГУИАР Майра (Бразилия)
2. ТЧЕМЕО Эдрю (Фаронса)
3. ХАРРИСОН Кейла (ИМА)
3. ВЕЛЕНСЕК Анамари (Словения)

Мувофиқи барномаи мусобиқа рӯзи 30-юми август мардон дар вазни то 100 кг ва беш аз 100 кг, занон дар вазни беш аз 78 кг рақобат мекунанд. Сабқати дастаӣ рӯзи якшанбе, 31-уми август, барпо мегардад

XS
SM
MD
LG