Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноҳияи Ҳамзаи Тошканд "Яшнаобод" номгузорӣ шуд


Баъд аз пешниҳоди як олими ӯзбак Маҷлиси сенати Ӯзбакистон ноҳияи ба номи шоир ва драмнависи машҳур Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро "Яшнаобод" нромгузорӣ кард. Ин даъватро дар охирҳои моҳи август номзади илмҳои педагогӣ, профессор Муҳаммад Қуронов дар нашрияи Маҷлиси олӣ ва Девони вазирони “Халқ сӯзӣ” ба миён гузошт. Муаллиф ду сабабро пеш овардааст, ки аввалан, ба қавли ӯ, ситоиши нақши Ҳамза дар фарҳанги Узбакистон пур аз дурӯғу муболиға аст ва сониян раванди ба нобудӣ кашондани садҳо ному рамзҳои замони шӯравӣ бояд идома ёбад. Бисёре аз намояндагони фарҳанг ва ҳунари Ӯзбакистон ба ин пешниҳод мухолифанд, аммо акнун танҳо осорхонаи Ҳамза ва қабри ӯ дар Шоҳимардони вилояти Фарғона боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG