Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши молу маҳсулоти Тоҷикистон ва Афғонистон


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташабуси палатаи савдо ва шаҳрдории Қӯрғонтеппа намоиш ва фурӯши махсулоти дастӣ ва саноатии Тоҷикистону Афғонистон баргузор шуд, ки дар он соҳибкорони вилоятҳои Кундуз ва Тахори Афғонистон ва шаҳри Кӯрғонтеппа ширкат карданд. Дар ин намоишгоҳ бештар маҳсулоти дастӣ ба намоиш гузошта шуд, ки харидорони зиёде доштанд. Ба намояндагони Афғонистон тоқии чакан ва куртаи гулдӯзӣ тақдим карда шуд ва аз онҳо либосҳои афғони ҳадия гирифтанд. Шараф Сангов, як масъули палатаи савдои Хатлон ба Озодӣ гуфт, ки мақсад аз чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат ва савдо миёни ду кишвари ҳамчавор будааст.

XS
SM
MD
LG