Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳли адабу фарҳанги Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе бо баргузории маҳфиле хотираи тавонотарин бонуи ғазалсарои адабиёти форсӣ -- Симин Бебаҳониро гиромӣ доштанд.

“Бонуи ғазал”, “шоири дарду ишқ” ва «зане, ки бори садҳо мард бар дӯш дошт”, аз унвонҳое буданд, ки бо номи Симин Беҳбаҳонӣ дар ин маҳфил пайванд дода шуд. Маҳфили бузургдошти Симин Бебаҳонӣ рӯзи ҷумъаи 29-уми август нахуст дар толори Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон бо дақиқаи хомӯшии сӯгворона ба ёди ин ғазалсарои номвари Эрон оғоз гардид. Дар ин ҳамоиш аҳли адаби Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва ҳамчунин тарафдорони эҷодиёти Симин Беҳбаҳонӣ ширкат доштанд ва аз хотираҳои худ бо ин бонуи ғазалсаро ва чакидаҳои хомааш ёд оварданд.

Камол Насрулло, шоири шинохтаи тоҷик ва муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, ки бо ин «Бонуи ғазал» ошноӣ доштааст, мегӯяд, шеъри Симин замоне, ки ҳанӯз ҳеҷ китобаш бо ҳуруфи сирилик нашр нашуда буд, ба ҳаводорони шеъри форсӣ дар Тоҷикистон ошно буд. Камоли Насрулло мегӯяд, «вақте солҳои 90-уми қарни гузашта мо дар Эрон будем, ва дар як маҳфиле Симин Бебаҳонӣ дар паҳлӯи ман нишаста буд, ақте барояшон мисраъҳои “Чун дарахти фарвардин пуршукуфа шуд ҷонам»-ро хондам, устод Симин ҳайрон шуданд. Аз ҷояшон бархоста гуфтанд, ки ин шеъри маро аз ёд медонад. Ман гуфтам, устод, шеъри Шуморо на танҳо ман, балки тамоми Тоҷикистон медонад ва шумо дар ин кишвар хеле маҳбуб ҳастед. Ин ҳарфҳо хеле ба устод Симин Бебаҳонӣ хуш омад, чун ӯ то ҳол намедонист, ки дар Тоҷикистон шеъраш то ин ҳад эътибор дорад.»

Дар ҳамин, ҳол Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик, ки ин маҳфилро барандагӣ мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он, ки Симин Бебаҳонӣ, шоири тавонои эронӣ бо номи Тоҷикистон мезист, вале боре, ҳам имкони омадан ба ин кишварро надошт. Бо ин вуҷуд ба гуфтаи хонум Сафӣ, ҷойи ӯ дар дили миллати тоҷик побарҷост ва ашъораш, ки бо эҳсоси саминона навишта шудаанд, ҳаргиз аз байн намеравад.

Хонум Сафӣ афзуд, «ҳангоме, ки раиси шоирони Эрон барои мо ба хотири даргузашти Симин Бебаҳонӣ барқияи тасаллият фиристод, ҷойи гиря аст. Ё ин ки чаҳор нафар аз дӯстони эронии мо, ки ба назди ман барои ибрози ҳамдардӣ омаданд ва маро дар Иттиҳоди нависандагон пайдо кардан, ки чаҳор соат бо ҳам нишастем ва ман аз Симин шеър хондам. Ман гумон мекунам, ки бахт аз ин зиёд намешавад. Ин хушбахтии мост, вақте ҳатто пайванди мо канда мешавад, боз сахттар пайванд мегардад. Агар марг пардае ба рӯи ҷисми Симин кашида бошад, тамоми пардаҳои дигар аз рӯи шеър, шахсият ва бузургии эшон бардошта шуд. Мо ба бузургии ин зани бузург нарасидаем ва ҳанӯз бо шеъраш хуб ошно нестем. Он 300 шеъре, ки дар ҷавонӣ ба қавли худаш ба пул ниёз дошт ва ҳамчун ғазал навишт ва имрӯз тарона мешаванд, ҳар кадомаш дар адабиёт падида аст.»

Гулрухсор Сафӣ, ки марги Симин Беҳбаҳониро ба марги як сайёра баробар мекунад, мегӯяд, ин бонуи дар асл омӯзгор тавонист ба мартабаи устоди бузурги ғазалсарои қарни 20 бирасад. Аммо хонум Сафӣ мегӯяд, ҷойи таассуф ҳаст, дар китоби ғазалсароёни қарни 20, ки дар Эрон нашр шудааст, исми ин бонуи ғазалсаро вуҷуд надорад.

Аммо Умар Сафар, устоди кафедраи забони форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфт, Симин дорои мактаби хосе буд ва шеъри Симин Беҳбаҳонӣ дар донишгоҳҳои кишвар тадрис мешавад. Ӯ гуфт, «маҳфили ёдбуди шоири бузурги мо Симин Беҳбаҳонӣ, як сабабе шуд, ки боз мо аз шахсиятҳои дигар ёд кунем. Аз онҳое, ки дар чаҳор девори донишгоҳ солҳо пеш барои нахустин бор моро бо шеъру ҳарфи Симин Бебаҳонӣ ошно карданд. Яке аз онҳо Файзалӣ Нажмонов мебошад, ки солҳои тӯлонӣ аз адабиёти форсӣ ва хосатан аз адабиёти муосири Эрон барои донишҷӯёни тоҷик дарс мегуфт. Зеро дар радифи шоирони муосири Эрон Симин Беҳбаҳонӣ низ шомили барномаҳои таълимии донишгоҳ гашта буд. Ба ҷузъ ин онҳое, ки дар доман задани ашъори ин ғазалсаро дар Тоҷикистон хидмат кардаанд, ҳунармандон ҳастанд, ба хусус Зафар Нозимов, ки ба чанд ғазали зебои ин бонуи тавоно оҳанг бастааст.»

Дар поёни маҳфил бархе аз ҳаводорони шеъри Симин Бебаҳон аз ашъори ин шоири тавонон ғазалҳо суруданд.

Cимин Беҳбаҳонӣ 19 июли соли 1927 дар Теҳрон ба дунё омада аз 12 солагӣ ба шеър майл пайдо кард ва дар 24 солагӣ нахустин дафтари шеъраш бо номи “Ситорашикаста” мунташир шуд. Ин ғазалсарои шаҳири шеъри форсӣ, ки даҳҳо вазни тоза дар ғазали форсӣ навоварӣ намуда ва ба унвони яке аз навоварони ин сабки классикӣ ёд мешавад, 19 августи соли равон дар сини 87 аз бемории қалб дар Теҳрон даргузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG