Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Украина хоҳони пайвастан ба НАТО шуд


Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, гуфт, аз порлумон мехоҳад, ки аз мақоми кишвар, ки ба ҳеҷ блоки сиёсӣ ва низомӣ вобаста нест, даст кашида ва роҳро барои узвият ба НАТО боз кунад. Ин иқдоми ҳукумати Украина бешак Русияро хашмгин хоҳад кард. Ятсенюк дар ин бора рӯзи 29-уми август дар шаҳри Киев сӯҳбат кард. Панҷ моҳ аст, ки ҷанги нерӯҳои давлатии Украина бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар идома дорад. Арсений Ятсенюк ҳамчунин гуфт, ҳадафи аслии Украина ҳамчунон пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо аст. Дар сурати қабули пешниҳоди ҳукумат аз тарафи порлумон ба қавли нахуствазири Украина, кишвараш ҳақ нахоҳад дошт, ба “ҳаргуна иттиҳодияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар иттиҳодияҳо”, ки монеъи пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо мешаванд, бипайвандад. Рӯзи 29-уми август, сафирони кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Брюссел бӯҳрон дар Русияро баррасӣ мекунанд. Аз ин пеш Амрико гуфт, ки Русия дар муноқишаи Украина мустақиман даст дорад.

XS
SM
MD
LG