Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон умедвори натиҷаҳои мусбат аз музокирот аст


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, гуфт, кишвараш умедвор аст, ки аз ҷумла ба шарофати кӯмаки Русия дар музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба “натиҷаҳои мусбат” даст ёбад. Бар асоси тавофуқоти пешин, қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон бояд то моҳи ноябр ба созиши пойдор дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон даст ёбанд. Дар нишасти хабарии муштарак бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар Маскав, Муҳаммад Ҷавод Зариф рӯзи 29-уми август ҳамчунин гуфт, ки таҳримҳои байналмилалӣ монеа барои иҷрои барномаҳои атомии Эрон намешаванд. Сергей Лавров гуфт, тарафдори роҳи ҳаллест, ки “ҳаққи Эрон барои барномаҳои сулҳомези атомӣ ба шумули ғанисозии ураниумро” дар худ дошта бошад. Қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, Эрон дар ивази аз байн бурдани таҳримоти байналмилалӣ, фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад. Онҳо бим доранд, ки Эрон пинҳонӣ силоҳи атомӣ месозад.

XS
SM
MD
LG