Пайвандҳои дастрасӣ

Размоишҳои зиддитерористӣ дар Чин хотима меёбанд


Рӯзи 29-уми август марҳилаи ниҳоии размоиш ва ё машқҳои зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат мегирад. Дар ин размоишҳо 7 ҳазор сарбоз аз Тоҷикистону Чин, Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат доранд. Барои мушоҳидаи ин тамринҳо, фармондеҳони ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ҳамаи кишварҳои узв ба Чин омадаанд. Рӯзи 28-уми август онҳо дар шаҳри Пекин беҳтар кардани шеваҳои ҳамкорӣ барои муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро баррасӣ карданд. Фанг Фенгуӣ, фармондеҳи артиши Чин гуфтааст, ки авзоъ дар Афғонистон бештар печидаву мураккаб шудааст ва «террористон бо суръат ба Осиёи Марказӣ ворид мешаванд».

XS
SM
MD
LG