Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён саҳнаи қатли сарбози курдро нишон доданд


Ҷангҷӯёни созмони Давлатии Исломии Ироқ видеои буридани сари як сарбози курдро нашр карданд, ки ба асораташон афтода буд. Дар ин видео, ки рӯзи 28-уми август нашр шуд, ҷангҷӯён ба пешвоёни курдҳо ҳушдор медиҳанд, ки ҳамкориҳои низомӣ бо Амрикоро бас кунанд. Ҳавопаймоҳои Амрико борҳо камингоҳу мавзеъҳои Давлати Исломии Ироқро маҳв кардаанд. Қатли ваҳшиёнаи сарбози курд дар назди масҷиди бузурги Мосул сурат гирифтааст, ки ҳоло дар дасти тундравони исломист. Тундравон дар ин видео 14 сарбози нерӯҳои пешмаргаи курдро нишон дода ва ба ҳукумати Курдистони Ироқ таҳдид мекунанд, ки дар сурати бас накардани ҳамкорӣ бо Амрико ин асиронашонро ҳам мекушанд. Як рӯз пештар аз ин Давлати Исломии Ироқ видеои қатли 160 сарбози артиши Сурияро нишон дод. Дар аввали ҳамин моҳ ин тундравон сари Ҷеймс Фоли, хабарнигори амрикоиро ҳам буриданд.

XS
SM
MD
LG