Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама сафири нав дар Афғонистонро муаррифӣ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, як дипломати собиқадорро ба ҳайси номзад ба мақоми сафири оянда дар Афғонистон пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Барак Обама пешниҳод кардааст, ки Майкл Маккинли дар оянда Ҷеймс Каннингам сафири феълии Амрико дар Афғонистонро иваз кунад. Ҷеймс Каннингам аз соли 2012 сафири Амрико дар Кобул аст ва Майкл Маккинли муовини ӯ мебошад. Дипломати собиқадори амрикоӣ қабл аз шурӯи кораш дар Афғонистон дар соли 2013 сафири Амрико дар Колумбия ва Перу буд. Номзадии сафири нав бояд дар Сенати Амрико пазируфта шавад. Муаррифии номзади нав дар ҳоле сурат мегирад, ки баҳс сари натиҷаҳои интихоботи Афғонистон идома дорад. Амрико мехоҳад, ҳарчӣ зудтар раиси ҷумҳури нави Афғонистон ба кор шурӯъ кунад ва созишномаеро ба имзо расонад, ки ба Иёлоти Муттаҳида иҷоза медиҳад, баъд аз соли 2014 теъдоде аз сарбозонашро дар Афғонистон нигаҳ доранд.

XS
SM
MD
LG