Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико роҳҳои ҷанг бо тундравон дар Сурияро баррасӣ мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш ҳанӯз стратегияи мубориза ба зидди ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ дар Сурияро таҳия накардааст. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар рӯзи 28-уми август дар шаҳри Вашингтон Барак Обама гуфт, шеваҳои гуногуни мубориза бо гурӯҳи тундрав баррасӣ мешавад ва Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба зудӣ ба Ховари Миёна меравад ва ин масъаларо бо ҳамкорони Амрико дар минтақа баррасӣ мекунад. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишварҳои Ховари Миёна бояд “беэътиноӣ” ба ҳадафҳои гурӯҳҳое ба мисли Давлати Исломии Ироқро бас кунанд. Нерӯҳои Амрико чандин дафъа ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни Давлати Исломии Ироқ дар қаламрави ин кишвар зарба задааст ва мақомоти Амрико мегӯянд, раиси ҷумҳур Барак Обама иқдомоти шабеҳ дар Сурияро ҳам баррасӣ мекунанд. Барак Обама қабл аз баррасии масъалаи мазкур бо мушовирони амниятиаш бо хабарнигорон сӯҳбат кард.

XS
SM
MD
LG