Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 23-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо намояндагони идораву муассисаҳоро бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз намуд.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон имрӯз, 29 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президенти Тоҷикистон даҳҳо нафар намояндагони Идораву муассисаҳоро барои хизмати бо арзиш ва саҳми шоён дар ҷомеъаи кишвар ба унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонд ва аз ҷумла шореҳи маъруфи варзиши Тоҷикистон, Нарзулло Латифовро ба унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз намуд.

Кормандони Радиои Озодӣ ҳамкори худ Нарзулло Латифовро, ки дар Радиои Озодӣ таи 12 сол ба ин тараф бо пахши гузоришҳову хабарҳои ҷолиби варзишӣ машғул ба муносибати дарёфти ин унвони фахрӣ табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатию хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо орзу мекунанд.

Нарзулло Латифов соли 1952 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияти шореҳиаш дар телевизиону радиои Тоҷикистон 45 сол муқаддам оғоз ёфта буд. Вай дар вазифаҳои масъул дар Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», дастгоҳи марказии Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг ва сохтмони деҳот фаъолият дошт.

Соли 1995 ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гаштааст. Бо ибтикори ӯ соли 1998 ҳафтаномаи «Футбол» ва соли 2001 рӯзномаи «Варзиш – Спорт» таъсис ёфтаанд, ки ӯ аввалин сармуҳаррири ин нашрияҳо буд. Вай аз соли 2001 раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад. 12 сол инҷониб ба ҳайси шореҳи варзиши Радиои Озодӣ фаъолият дорад. Инчунин мушовири Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад.

Нарзулло Латифов барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буда, бо унвонҳои фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон», «Мураббии шоистаи Тоҷикистон”, медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг», “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон” ва дигар мукофоту ҷоизаҳо қадрдонӣ шудааст.

Вай оиладор аст, соҳиби ду фарзанд ва шаш набера мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG