Пайвандҳои дастрасӣ

Дар теппаҳои Ҷавлон 43 посдори сулҳро гаравгон гирифтанд


Дар теппаҳои Ҷавлон, ки аз сӯи Исроил ғасб шудаанд, 43 тан аз сарбозони нерӯҳои посдори сулҳи СММ аз сӯи як гурӯҳи мухолифи режими Башор Асад, гаравгон гирифта шуданд. Дар ин бора рӯзи 28 август Созмони Милал изҳорот нашр кард ва гуфт, ки барои раҳоии посдорони сулҳ талош мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми даргириҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукумати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ дар хатти сурх дар теппаҳои Ҷолан, чирикиҳо 43 посдори сулҳро боздошт карда, бо худ бурдаанд.

Сарбозони посдори сулҳи СММ аз соли 1974 инҷониб дар теппаҳои Ҷавлон мустақаранд. Онҳо соли гузашта ду бор рабуда ва баъдан озод карда шуда буданд.

XS
SM
MD
LG