Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии Тоҳир ул-Қадрӣ аз идомаи музокирот бо ҳукумати Покистон


Тоҳир ул-Қадрӣ, рӯҳонии покистоние, ки намоиши эътирозӣ бо талаби истеъфои нахуствазир Навоз Шарифро сарварӣ мекунад, рӯзи 28 август аз идомаи музокирот бо ҳукумат сарпечӣ кард. Ӯ дар ҷамъи ҷонибдоронаш гуфт, ки музокирот ба бунбаст ворид шудааст. Аз ин пеш ӯ эълом дошт, ки рӯзи 28 август рӯзи инқилоб дар Покистон хоҳад шуд.

Намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Покистон аз рӯзи 15 июл идома доранд. Дар ин намоишҳо таҳти сарварии Тоҳир ул-Қадрӣ ва сиёсатмадори маъруф Имрон Хон даҳҳо ҳазор нафар ширкат мекунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе Навоз Шариф талаби эътирозгарон барои истеъфоро рад кард. Бар асари ноором шудани вазъ ӯ сафараш ба Туркияро лағв намуд.

Имрон Хон ва Тоҳир ул-Қадрӣ нахуствазирро дар фасод, тақаллуби натоиҷи интихоботи парлумонии соли 2013 ва тиҷорати ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG