Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко нишасти оҷили Шӯрои амният ва дифоъро доир мекунад


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 28 август эълом дошт, ки бино ба дахолати рӯирости Русия ба умури кишвар нишасти фаврии Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаро доир кунад. Ӯ бино ба вуруди низомиёни рус ба қаламрави кишвар сафараш ба Туркияро лағв кард.

Аз ин пеш мушовири вазири умури дохилии Украина Зорян Шкиряк рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки ҳамлаи русҳо дар чанд самт идома дорад ва гуфт, ҳадафи Ситоди Генералии артиши Русия тақсиму аз ҳам дур кардани нерӯҳои ҳукуматии Украина ва таҳти назорати ҷудоихоҳони рустабор қарор додани мавзеъҳои гуногуни Донбасс мебошад.

Ба иттилои хабаргузориҳо, ахиран ҷудоихоҳон шаҳри Новоазовскро таҳти назорат қарор доданд ва сӯи шаҳри Мариупол ҳаракат мекунанд. Хабарнигори рӯзномаи New York Times Эндрю Креймер хабар дод, ки тонкҳо ва тӯпхонаи Русия аз марз убур карда, нерӯҳои украиниро барои ақибнишинӣ дар ҳама самтҳо маҷбур сохтанд. Владимир Шилов, афсари баталёни “Днепр-1”, дар сӯҳбат бо телевизиони “Канали 5” гуфт, ки шаҳри Новоазовск аз сӯи нерӯҳои Русия забт шуда, дар атрофаш тонкҳо камин гирифтаанд, ба мардуми маҳаллӣ берун рафтан аз шаҳр манъ шудааст.

Шаҳрдори Новоазовск ҳам вуруди ҷудоихоҳонро ба шаҳр тасдиқ кард. Хабаргузории Франс Пресс рӯзи панҷшанбе навишт, ки артиши Украина аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардааст. Новоазовск дар 15-километрии марзи Русия ва 44-километр дуртар аз Мариупол ҷойгир шудааст.

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, дахолати рӯирости нерӯҳои низомии Русия ба задухӯрдҳо дар шарқи Украинаро “ғайри қобили қабул ва таҳаммул” номид. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар Порис, дар мулоқот бо сафирони Фаронса дар кишварҳои олам, гуфт, ки Русия наметавонад бидуни риояи қавонини байнулмилалӣ худро кишвари қарни 21 шуморад.

Айни ҳол даргириҳои шадид дар канори шаҳри Иловайски вилояти Донетск ва дар наздикиҳои шаҳри Луҳанск идома доранд. Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки ҳамлаи ҷавобии ҷудоихоҳон бо кӯмаки Русия идома меёбад. Маскав инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG