Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи маъракаи пешазинтихоботӣ дар Украина


Дар Украина рӯзи панҷшанбе маъракаи пешазинтихоботии парлумони кишвар шурӯъ шуд. Бар пояи амри раисиҷумҳури Украина интихоботи қабл аз вақт ба Верховная Рада рӯзи 28 октябр баргузор мешавад. Петро Порошенко ду рӯз пеш, як моҳ баъд аз баҳамрезии эътилофи ҳукмрон дар парлумон, Верховная Радаро пароканда кард.

Бар пояи қавонини Украина, интихобот аз рӯи системи омехта баргузор мешавад. Сокинони Қрим метавонанд дар манотиқи берун аз нимҷазира ва фақат дар интихобот аз рӯи феҳрити аҳзоб ширкат кунанд. Онҳо ҳаққи раъйдиҳӣ ба номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандатиро надоранд.

Қарор аст, ки теъдоди вакилони парлумон аз 450 то 438 нафар коҳиш ёбад.

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Украина бояд то рӯзи 10 ноябр эълон шавад.

XS
SM
MD
LG