Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолланд дахолати Русия ба умури Украинаро "ғайри қобили қабул" хонд


Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, дахолати рӯирости нерӯҳои низомии Русия ба задухӯрдҳо дар шарқи Украинаро “ғайри қобили қабул ва таҳаммул” номид. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар Порис, дар мулоқот бо сафирони Фаронса дар кишварҳои олам, гуфт, ки Русия наметавонад бидуни риояи қавонини байнулмилалӣ, худро кишвари қарни 21 шуморад.

Ахиран мақомоти Украина Русияро дар ҳамлаи низомӣ ба қаламрави кишвар айбдор карданд. Мушовири вазири умури дохилии Украина Зорян Шкиряк рӯзи панҷшанбе, 28 август, хабар дод, ки ин ҳамла дар чанд самт идома дорад ва гуфт, ҳадафи Ситоди Генералии артиши Русия тақсиму аз ҳам дур кардани нерӯҳои ҳукуматии Украина ва таҳти назорати ҷудоихоҳони рустабор қарор додани мавзеъҳои гуногуни Донбасс мебошад.

Франсуа Ҳолланд дар суханронияш оид ба бӯҳронҳои ҷаҳонӣ таъкид кард, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад наметавонад ҳампаймони Ғарб дар мубориза бо терроризм бошад, зеро ӯ дар асл ҳампаймони исломгароҳои ифротист. Раисиҷумҳури Фаронса афзуд, кишварҳои ғарбӣ бояд ба нерӯҳое кӯмак кунанд, ки алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия бархостаанд.

Ӯ ҳамчунин аз СММ даъват намуд, ки ба ҳукумати Либия барои таъмини субот дар кишвар ва мубориза бо ошӯбгарони исломӣ мадади фаврӣ расонад, дар акси ҳол Либия дар чанги бенизомиҳо хоҳад уфтод. Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои амнияти СММ хостори оташбаси фаврӣ дар Либия шуд ва ба ҳама ҷонибҳои даргир таҳдид намуд, ки алайҳи онҳо таҳримҳо ҷорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG