Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ню-Йорк хоҳари Ҷавҳар Сарнаевро боздошт карданд


Ҷавҳар Сарнаев
Ҷавҳар Сарнаев

Дар ИМА Алина Сарнаева, хоҳари Ҷавҳар Сарнаев, муттаҳами асосӣ дар бомгузорӣ дар марафони Бостон, боздошт шуд. Расонаҳо рӯзи панҷшанбе бо такя ба иттилои полис хабар доданд, ки Алина дар як тамоси телефонӣ ба як зани сокини шаҳри Ню-Йорк таҳдиди тарконидан кардаааст. Бозрасии ин парванда рӯзи 30 сентябр баргузор хоҳад шуд.

Ҷавҳар Сарнаев, муттаҳами аслӣ дар ду таркиш дар хатти ниҳоии дави марафонии Бостон дар моҳи апрели соли 2013 аст, ки дар он се нафар ба ҳалокат расида, беш аз 260 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сарнаев ин иттиҳомро рад мекунад.

Дигар аз созмондиҳандагони эҳтимолии ҳамлаи террористӣ – Темирлан, бародари бузурги Ҷавҳар Сарнаев, ҳангоми боздошт аз сӯи полис кушта шуд.

XS
SM
MD
LG