Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Э.Раҳмон ба Ваҳдат


Субҳи 28 август Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат сафар кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмонро шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба шаҳрати Ваҳдат унвон кард. Раисиҷумҳур сафараш ба Ваҳдатро бо ширкат дар расми ифтитоҳи сохтмони варзишгоҳи марказӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ ва як мактаб барои 1240 хонанда оғоз кардааст. Варзишгоҳи марказии Ваҳдат бо харҷи 50 миллион сомонӣ ва 25 000 ҷои нишаст дар 3,5 гектар замин бунёд меёбад. Масоҳати боғи нав низ 3,5 гектар аст.

Ширкати раисиҷумҳур дар расми гушоиши чанд иншооти дигар, аз ҷумла як мактаби замонавӣ барои 1280 хонанда ва як шифохонаи хусусӣ бо 100 кати хоб низ дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG