Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, русҳо марзшиканиро идома медиҳанд


Артиши Украина иддао кард, ки сарбозони Русия бо мошинҳои зиреҳпӯш дигарбора ба манотиқи шарқии он кишвар ворид шудаанд, ки дар онҷо ҷанг бо ҷудоихоҳон идома дорад. Андрей Лисенко, сухангӯи артиши Украина рӯзи 27-уми август гуфт, гурӯҳе аз сарбозони рус дар мошини зиреҳпӯш ба маҳаллаи Амвросийивка ворид шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҷангҳои ахир 200 ҷудоихоҳ ва 13 сарбози украинӣ кушта шуданд. Дар як баёнияи дигар, артиши Украина гуфт, ки тонку тӯпхонаҳои Русия ба самти Телманово дар 80 километрии шаҳри Донетск ҳаракат мекунанд. Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон рӯзи 27-уми август гуфт, хадамоти иттилоотӣ таъйид карданд, ки нерӯҳои Русия дар ҷангҳо дар шарқи Украина ширкат мекунанд.

XS
SM
MD
LG