Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се халабони рус дар Судони Ҷанубӣ ҳалок шуданд


Як чархболи Созмони Милал дар Судони Ҷанубӣ суқут кардааст ва се халабони руси он ҳалок шудаанд. Намояндагии Созмони Милал дар он кишвар гуфт, ки дар ин фалокат, ки рӯзи 26-уми август дар 10 километрии ҷануби шаҳри Бентиу ба вуқӯъ пайваст, халабони чаҳорум зинда мондааст. Сафорати Русия дар Судон гуфт, ки ҳар чаҳор нафар шаҳрвандони он кишвар будаанд. Ширкати ҳавопаймоии русии Ютайр, ки бо дархости Созмони Милал ба Судони Ҷанубӣ бор мебурдааст, гуфт, ки чархболро бо мушаки замин ба ҳаво сарангун кардаанд. Дар Судони Ҷанубӣ ҳашт моҳ аст, ки ҷанги дохилӣ идома дорад.

XS
SM
MD
LG