Пайвандҳои дастрасӣ

Исроилу фаластиниён пешниҳоди оташбасро пазируфтанд


Исроил ва тундравони фаластинӣ бо ҳадафи аз сар гирифтани гуфтугӯҳо дар бораи хотима додан ба муноқиша дар Навори Ғазза пешниҳоди созиши оташбаси “пойдорро" қабул кардаанд. Оташбас бо миёнҷигарии Миср ҳосил шуд ва аз рӯзи 26-уми август ҳукми иҷро гирифт. Бар асоси ин Исроил муҳосираи Ғаззаро сабуктар мекунад ва иҷоза медиҳад, ба қаламравҳои таҳти назорати Ҳамос кӯмакҳои башарӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ворид шавад. Гуфтугӯҳи ғайримустақим дар бораи масоили дигар, аз ҷумла талаби Ҳамос барои хотима додан ба муҳосираи Ғазза ва талаби Исроил барои халъи силоҳи Ҳамос моҳи оянда дар Қоҳира шурӯъ мешавад. Дар ҷараёни ҷанги тақрибан якуним моҳа бештар аз 2100 фаластинӣ ва 69 исроилӣ ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG