Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти қотили сардори маҳбасхонаи Кӯлоб ба ҳабси абад


Додгоҳи вилояти Хатлон қотили сардори маҳбасхонаи Кӯлобро ба ҳукми абад маҳкум кард. Ин парванда бо даъвои наздикони Умар Қаюмов дар зиндони муваққатии Кӯлоб баррасӣ шудааст. Ҳамин тариқ имрӯз, 27 август додгоҳи вилояти Хатлон Умед Тешаев, маҳбусе, ки барои куштори Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи Кӯлоб ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба ҳукми абад маҳкум кард.

Умед Тешаеви 31-сола, ки дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сартарош кор мекард, рӯзи 29-уми августи соли 2013 барои куштани Абдурасул Алиев бо 54 зарби корд боздошт ва баъдан ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо16-уми феврал дар дохили зиндон вақте, ки сардори маҳбас Умар Қаюмов аз ӯ хоҳиши ба тартиб даровардани мӯйи сарашро кардааст, ӯро низ бо 18 зарби корд ба қатл расонид. Эълони ҳукми абад дар нисбати Умед Тешаев дар ҳолест, ки модари ӯ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархости сабук кардани ҷазо нисбати писарашро талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG