Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи маъракаи нави эмгузаронӣ дар Покистон


Мақомоти Покистон рӯзи сешанбе маъракаи нави эмгузаронии кӯдакон аз маризии полиомиелитро шурӯъ карданд. Қарор аст, ки тайи чаҳор рӯз ба беш аз 700 ҳазор атфоли манотиқи қабоилнишини воқеъ дар шимолу ғарби Покистон ваксина зада шавад.

Ҳамзамон, ба таъкиди Исломобод, тақрибан 300 ҳазор кӯдак аз ин маърака канор хоҳанд монд, зеро дар мавзеъҳои зисти онҳо кафолати амният барои гурӯҳҳои эмгузаронӣ мавҷуд нест. Дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистони шимоли Покистон гурӯҳҳои ифротгаро мустақаранд, ки ба маъракаи эмгузаронӣ аз полиомиелит мухолифат мекунанд ва онро амали зиддишаръӣ мехонанд.

Шурӯъ аз моҳи декабри соли 2012 бар асари ҳамлаи ситезаҷӯён ба гурӯҳҳои эмгузаронӣ 56 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG