Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия боз ду ресторани "Макдоналдс" баста шуд


Дар ду шаҳри Русия рӯзи сешанбе ресторанҳои амрикоии “Макдоналдс” баста шуданд. Аввал дар шаҳри Екатеринбург ва баъдан дар Қазон, пойтахти Тотористон, ин тарабхонаҳо “бо сабабҳои техникӣ” фаъолияти худро қатъ карданд. Кормандони “Роспотребнадзор” дар Тотористон гуфтанд, ки мутахассисонаш то ҳол “Макдоналдс”-ро тафтиш накардаанд.

Моҳи равон дар чанд минтақаи Русия "Макдоналдс"-ҳоро тафтиш карданд ва баъди тафтиш “Роспотребнадзор” дар бораи бастани онҳо тасмим гирифт. Аз ҷумла, дар шаҳри Маскав яку якбора фаъолияти се тарабхонаи “Макдоналдс” қатъ шуд.

Рӯзи душанбе ягона дар Ставропол ресторани “Макдоналдс” ҳам ба дарҳои худ қулф зад.

XS
SM
MD
LG