Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи чоршанбе, 27-уми август, бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор мешаванд.

Бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 27-уми август барпо мегарданд. Дар ин марҳилаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон 9 дастаи лигаи олӣ – «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Энергетик» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан), «Равшан» (Кӯлоб) ва ССКА «Помир» (Душанбе), инчунин, панҷ дастаи лигаи аввал – «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳосилот» (Фархор), «Эсхата» (Хуҷанд), «Ваҳдат» (Ашт) ва «Исфара» (Исфара», ширкат меварзанд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар асоси қуръакашӣ барои Ҷоми Тоҷикистон-2014 аз даври чорякниҳоӣ мубориза мебарад. Рақибаш ғолиби ҷуфти «Хайр»/«Далерон-Ӯротеппа» мешавад.

Бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоӣ 27-уми август, бозиҳои ҷавобӣ 8-уми сентябр баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имсол 22-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои аввал

27-уми август, чоршанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.00

«ҲОСИЛОТ» - «ИСФАРА»

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

«ПАРВОЗ» - «ЭСХАТА»

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

«САРОЙКАМАР» - «ВАҲДАТ»

Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ

Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ»

Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

ССКА «ПОМИР» - «РАВШАН»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати ҶТ

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

«ХАЙР» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА»

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).

Оғози бозӣ - соати 18.30

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХУҶАНД»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG