Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавопаймоҳои амрикоӣ пойгоҳҳои "Давлати исломӣ"-ро меҷӯянд


Ҳавопаймоҳои ИМА парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Сурия ба хотири ошкор кардани пойгоҳҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва зарба задан ба мавқеъҳои ин гурӯҳро шурӯъ мекунанд. Хабаргузории Associated Press бо такя ба як манбаи расмӣ, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ кардааст, хабар дод, ахиран раисиҷумҳур Барак Обама ба ин гуна парвозҳо иҷоза дод. Дар мавриди амалҳо пас аз дарфёти иттилоъ дар бораи пойгоҳҳо баъдан тасмим гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз манбаъҳо хабар доданд, ки парвозҳои ҳавопаймоҳо дар фазои Сурия ба хотири дарёфти иттилои истихборотӣ аз субҳи рӯзи 26 август шурӯъ шуданд.

XS
SM
MD
LG