Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: Путин ва Порошенко дар Минск мулоқот хоҳанд кард


Дар Минск рӯзи сешанбе музокироти намояндагони Украина, Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи гумрукӣ оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар Украина баргузор хоҳад шуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор намуд, ки қарор аст дар чаҳорчӯби нишасти Минск мулоқоти Владимир Путин бо ҳамтои украинияш Петро Порошенко баргузор шавад. Қарор аст, ки онҳо масоили марбут ба оташбас ва вазъи башарӣ дар шарқи Украина, робитаҳои дуҷониба ва паёмадҳои иқтисодии аз сӯи Киев тасвиб шудани созиши ҳамбастагӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро баррасӣ кунанд.

Нахустин мулоқоти Путин ва Порошенко 6 июн дар Нормандияи Фаронса баргузор шуда, 15 дақиқа идома карда буд.

Дар нишасти сарони Иттиҳодияи гумрукӣ, ки мизбонияшро раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко бар ӯҳда дорад, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам ширкат дорад. Ба ин нишаст раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон, раҳбарони Комиссиюнҳои энерҷӣ ва тиҷоратии ин ниҳод даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG