Пайвандҳои дастрасӣ

Петро Порошенко Верховная Радаро пароканда кард


Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина, рӯзи 26 август парлумонро пароканда кард ва барои баъди ду моҳ баргузор кардани интихоботи нав ба Верховная Рада амр содир намуд.

Дар муроҷиати Порошенко ба мардум гуфта шудааст, ки вакилон то интихоби парлумони нав корашонро идома хоҳанд дод. Раисиҷумҳур изҳор намуд, ки интихоботи одилона, шаффоф ва демократиро кафолат медиҳад. Ӯ ҳамчунин ба зарурати то моҳи сентябр тасвиби созиши ҳамбастагӣ бо Иттиҳодияи Аврупо таъкид кард.

Петро Порошенко изҳор намуд, аз Донбасс дар гуфтушунид бо Киев фақат вакилоне метавонанд намояндагӣ кунанд, ки аз Верховная Рада аз ҳамон минтақа интихоб шудаанд. Сарвари Украина гуфтааст, ки “интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ – бахше аз тарҳи сулҳи ман аст. Бахши калидии ин тарҳ – гуфтугӯи сиёсӣ бо Донбасс мебошад”. Ба гуфтаи ӯ, “бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ то замоне, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, фақат бо лаҳни зӯрӣ метавон ҳарф зад”.

24 июл эътилофи парлумонӣ, ки ҳукумати Украинаро таъсис карда буд, аз ҳам рехт. Бар пояи Қонуни асосии кишвар, агар тайи 30 рӯз баъд аз ин эътилофи нав таъсис нашавад, раисиҷумҳур ҳаққи пароканда кардани парлумонро дорад.

XS
SM
MD
LG